Баъди нисфирӯзии санаи 22-юми июл Раёсати идораи замини вилояти Суғд дар ҳамҷоягӣ бо Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят нишасти матбуотӣ доир намуданд. Масъулини ин ниҳод маълумоти мусаффалро аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳодҳояшон ба хабарнигорон пешниҳод карданд. таъкид карда шуд, ки бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то имруз бо масоҳати 7 841 гектар беш аз 90 000 оилаҳо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.