Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд баъди ҳамлаи саг ба сокинон ва осеб расонидани ин намудаи ҳайвон 7 ҳолати мағзи сари онро дар шӯъбаи вирусологӣ аз таҳлил гузаронд. Дар натиҷа муайян гардид, ки 6 саг девона буда, 1 адади он девона нест. Баъди ба даст омадани натиҷаи ташхис мутахассисон ба осебидадагон гирифтани ваксинаи зиддиҳориро тавсия медиҳанд, то аз бемории хавфнок саривақт пешгирӣ карда шавад.