СУҒД: 324 ҲОДИСАИ СӮХТОР ДАР 9-МОҲ. ФАВТ КАМ ГАРДИДААСТ

Давоми 9-моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 324 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 7 адад зиёд мебошад.  Яке аз сабабҳои асосии сӯхтор дар ин давра муноқишаҳои марзӣ арзёбӣ карда мешавад. Ҳодисаҳои сӯхтор бошад, бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Ашт ва Исфара ба қайд гирифта шудааст. Масъулини РХДО вилояти Суғд иттилоъ медиҳанд, ки соли ҷорӣ ҳарчанд сӯхтор зиёд шуда бошад ҳам, аммо ҳолати фавт кам гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.