Баландшавии сатҳи оби дарёи Сир гуруҳе аз сокинони чамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро нигарон кардааст. Ин ҳолат, боиси аз об пур шудани майдону таҳхонаҳои сокинон шудааст. Манзили истиқоматии чанде аз онҳо назди соҳили дарё ҷойгир аст. Сокинон мегуянд, ки ба ин холат одат карда буданд, аммо ин навбат, беш аз 3 руз мешавад, ки об ба манзили истикоматии онҳо ворид мешаваду кам намешавад. Баландшавии сатҳи оби дарё ҳатто заминхои пахтазорро ба кӯл табдил додааст.