Шаби гузаштаи 12-уми апрел дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садои тирпарронӣ баланд гардид. Ҳодиса дар маҳаллаи Ҷавғал соати 18-30 дақиқа ба амал омадааст. Ҳодиса паи як амали иғвоангезонаи сарҳадбонони қирғизистонӣ рух додааст. Сабабҳои сар задани ҳодисаро масъулини гуруҳи кории ин ду кишвари ҳамсоя субҳи имрӯз санаи 13-уми апрел бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як мулоқот баррасӣ карданд.