ШАМОЛИ САХТИ ШАБИ ГУЗАШТА ДАР ИСФАРА ХИСОРОТИ МОДДӢ РАСОНИДААСТ

Бегоҳии рӯзи гузашта дар вилояти Суғд вазиши шамоли сахт ба қайд гирифта шуд. Вазиши босуръати шамол ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард. Он дар як сония 25-метрро ташкил медод. Хисороти шамоли сахт дар шаҳру навоҳии Суғд ҳоло дақиқ карда нашудааст. Танҳо дар шаҳри Исфара шамоли сахт болопӯши боми якчанд биноҳои истиқоматии сокинонро қисман ва пурра вайрон кардааст. Шарҳи пурраи Раёсати Кумитаи Ҳолатҳои Фавқуллодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар гузориши навбатии барнома манзури шумо мегардад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.