ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ: COVID-19 НЕСТ, БЕМОРОНИ ИЛТИҲОБИ ШУШ МАВҶУДАНД

Дар шаҳри Истиқлол то ба имрӯз бемории коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Аммо беш аз 20 нафар сокинони ин шаҳр ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор мебошанд ва зери назорату табобати духтурони сироятшинос қарор доранд. Дар ин бора субҳи имрӯз раиси шаҳри Истиқлол Даврон Зоидзода ҳангоми нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2021-ум ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ барои пешгирӣ аз коронавирус харидорӣ карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.