Дар вилояти Суғд шурӯъ аз санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ шикори моҳӣ манъ карда шудааст.Вобаста ба ин давоми 20 рӯзи давраи аввали манъи сайди моҳӣ дар обанборҳои ҳавзаи Сирдарё 96 маротиба амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 92 адад санади аз назаргузаронӣ тартиб дода шудааст. Нисбати 2 нафар сокинон оиди ғайриқонунии сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, мавод тартиб дода шуда, ба прокуратураи вилоятӣ барои андешидани чораҳои зарурӣ ирсол гардидааст. Нисбати 7 нафар сокинон бинобар қонуншиканӣ, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.