Оғоз аз имруз санаи 10-уми май арзиши хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии микроавтобусҳо дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боз гарон шуд. Баландшавии арзиш танҳо ба нақлиётҳои хатсайри дохилишаҳрии Хуҷанд алоқаманд аст. Давоми чанд соли охир арзиши роҳкиро бо баҳонаи баланд шудани нархи сузишворӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобил, қиммат будани равғанҳои муҳаррик ва молиданӣ барои нақлиёт гарон мешаваду паст не. Ин навбат сабабаи баланд шудани нархи роҳкироро дар соли 2022-юм ба шикояти ронандагони хатсайрҳои мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд вобаста карданд.