Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои харидорӣ намудани маҳлулҳои антисептикӣ, безараргардонӣ ва ҳамчунин ҷалби табибон ба донишгоҳ наздик 70 ҳазор сомонӣ маблағ масраф намуд. Маблағи мазкур ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус равона шудааст. Дар ин бора ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода ба хабарнигорон иттилоъ доданд.