Раиси шаҳри Хуҷанд аз бурду бохти шаҳр дар соли 2019 натиҷагирӣ карда, таъкид намуд, соҳаи саноат ва энергетика дар шаҳр натиҷахои назаррас додааст. Масалан, давоми як соли охир ба миқдори 1291,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаст, ки ин муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018-ум 15,4 дарсад зиёд мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар корхонаҳои шаҳри Хуҷанд 98 намуд маҳсулот истеҳсол карда шуда истодааст ва натиҷаҳои он хуб арзёбӣ мегардад.