Се духтур аз як оилаи Исмоиловҳо дар давраи пандемияи
коронавирус 28 рӯз фаъолияти шабонарӯзӣ доштанд. Ин оилаи
духтурҳо дар ҷамоати Ёва зиндагӣ мекунанд ва дар беморхона рақами
2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти касбиро адо менамоянд.
Гузориш аз рафти фаъолияти касбии онҳо, ки дар вазъи ногувори
эпидемиологӣ барои наҷоти гирифторони коронавирус заҳмат
кашиданд, нақл мекунад.

