Исохӯҷа Каримхӯҷаев собиқадори соҳаи тандарустӣ тасмим гирифтааст, ки хароҷоти сафари Ҳаҷро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Ситоди пешгирии сироятёбии Коронавирус дар кишвар интиқол намояд. Ӯ ин амалро ба хотири ҳарчӣ зудтар пешгири намудани COVID-19 ба анҷом расонданист. Мегӯяд, дар ин рӯзҳои вазнин мо бояд аз вазъи ба амаломада бетараф не, балки муттаҳид бошем. Пул ин интиқолдиҳанда ва паҳнкунандаи асосии коронавирус аст.

