Бо дастгирии ташаббуси “Нури Рӯшноӣ дар Тоҷикистон омода  карда шудааст. Ташаббуси “Нури Рӯшноӣ як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст. Мақсади ин ташаббус, аз байн бурдани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон то соли 2030 мебошад.

 

Пресс-релиз/Варақаи иттилоотӣ

Душанбе, Тоҷикистон – 31 марти соли 2022. Дар бинои ШТР СМ-1 муаррифии маводҳои иттилоотии рӯзноманигорон  дар мавзуи “Инъикоси мушкилоти зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерии ҷомеъаи тоҷик дар ВАО бо назардошти эҳсосоти гендерӣ” баргузор шуд. Дар он намояндагони ВАО бахши матбуот, ТВ, радио ва блогерҳо иштирок карда маводҳои дар ин мавзуъ таҳиянамудаи худро муаррифӣ намуданд. Он дар низоми оффлайн ва онлайн гузаронида шуд. Тариқи барномаи ЗУМ ба он аз ш.Душанбе журналистони ш.Душанбе, навоҳии Рудакиву Файзобод ва шаҳри Ҳисор пайваст шуданд.

Маводҳои журналистон натиҷаи тренингҳои омӯзишии лоиҳаи “Рушди имкониятҳои эҳсосӣ-гендерии ВАО-и Тоҷикистон бо воситаи пешбурди гузоришҳо бо таваҷҷӯҳ ба шахсоне, ки дучори зуровариҳои шаҳвонӣ ва гендерӣ (ЗШГ) шудаанд, ё масоили вобаста ба ЗШГ” мебошад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии Ассотсиатсияи “Зан ва ҷомеъа” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои “СМ-1” амалӣ шуда истодааст.

Дар ин вохӯрӣ инчунин коршиноси масоили гендерӣ Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён иштирок карда, ба маводҳои журналистон хулосаи гендерӣ дода, барои беҳтар намудани он маслиҳатҳои муфид дод.

Лоиҳа дар 7минтақаи мақсаднок, ш.Исфара ва н.Б.Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон, ш.Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиву шаҳри Ҳисори ноҳияҳои тобеи марказ татбиқ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа 105 нафар журналистон ва блогерон аз 7 минтақаи мақсаднок тренингҳои омӯзишӣ гузаштанд. Акнун журналистон маводҳои таҳияшудаи худро баъди гузаштани хулосаи коршиносон дар расонаҳои худ табъу нашр мекунанд.

Дар раванди татбиқи лоиҳа инчунин озмун барои маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзуи инъикоси масоили пешгирӣ аз зуроварӣ бо таваҷҷӯҳ ба шахсоне, ки дучори зуровариҳои шаҳвонӣ ва гендерӣ (ЗШГ) шудаанд, ё масоили вобаста ба ЗШГ” байни журналистон гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфа ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҷамъбасти озмун аз рӯи нақшаи пешакӣ ба санаи 28-уми апрел пешбинӣ шудааст, ки дар ш.Душанбе баргузор мешавад.

Лоиҳаи мазкур 10 моҳ давом мекунад ва моҳи июни соли 2022 ҷамъбаст мегардад.

Лоиҳа бо дастгирии Ташаббуси “Нури Рушноӣ” дар Точикистон амалӣ карда мешавад. Ташаббуси  “Нури Рушноӣ як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи электронии aws95@mail.ru мактуб ирсол намоед, ё ба рақами 92 854 56 00 занг занед.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.