ПЕШГӮӢ: ДУ РӮЗ ШАМОЛИ САХТ МЕВАЗАД. ЭҲТИЁТ БОШЕД!

Дар вилояти Суғд шурӯъ аз санаи 21-уми октябр давоми ду рӯз ҳаво ноустувор мемонад. Аз 15 дараҷа гармӣ ҳарорати ҳаво якбора ба сифр мефарояд. Эҳтимолияти вазидани шамоли сахт вуҷуд дорад, ки шиддати он 17 метр дар як сонияро ташкил медиҳад. Аз руи мушоҳидаҳои метрологӣ шамоли сахт аз соати 11-и санаи 21-ум то соати 17-и санаи 22 октябр давом мекунад. Аз ин ру аз РКҲФ дар вилоят аз мардум хоҳиш менамоянд, ки нақлиётҳои худро зери дарахт нагузоранд ва аз сафар ба роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.