ПЕШГӮӢ: 4 РӮЗИ ДИГАР ҲАВОИ САРД БОҚӢ МЕМОНАД

Дар вилояти Суғд, давоми 5 рӯзи охир ҳаво нисбатан сард боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, вазиши шамол, боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст. Обуҳавосанҷон иттилоъ медиҳанд, ки паст шудани ҳарорати ҳаво , бештар дар доманакӯҳҳо, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Панҷакент ва Айнӣ дар назар аст. Бинобар ин сокинони ин шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳи муваққтан худдорӣ намоянд. Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани дар вилояти Суғд низ оиди ноустуворшавии ҳарорати ҳаво аз санаҳои 4 то 8 ноябр сокинони вилоятро огоҳ мекунад. Бино ба иттилои манбаъ, дар рӯзҳои пешгӯишаванда  сокинонро зарур аст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.