Оғоз аз санаи 2-юми апрел моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Дар ин бора Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо, ки санаи 29-уми март гузаронида шуд, эълон кард. Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи шанбе 2-юми апрел фаро мерасад. Навори навбатии барнома оид ба ин мавзӯъ бо раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода тариқи мусоҳиба омода шудааст. Таваҷҷӯҳ намоед.