Дар вилояти Суғд аз нимаи моҳи феврал ба кишти картошка оғоз мекунанд. Аз руи маълумотҳои оморӣ имсол кишти ин намуди сабзавот зиёд карда шудааст, ки майдони он  27 ҳазору 624 гектарро ташкил хоҳад кард. Он  дар муқоиса ба соли 2021-ум 2 ҳазору 165 гектар зиёд мебошад. Ҳоло кишоварзон беш аз 90 ҳазор тонна тухмии картошкаро нигоҳ медоранд, ки пас аз 15 рузи дигар онро ба замин мекоранд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.