Дар тарабхонаи “Суғдиён” озмуни вилоятии “Шириниҳои миллӣ ва муосир” доир гардид. Дар он намояндагон аз МИҲД-и вилоят ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун аз 18 шаҳру навоҳии вилоят буда, ҳар яки онҳо маҳорати кадбонугии худро нишон доданд.