Озмун байни журналистони кишвар барои маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзуи инъикоси масоили пешгирӣ аз зуроварӣ бо таваҷҷӯҳ ба шахсоне, ки дучори зуровариҳои шаҳвонӣ ва гендерӣ шудаанд. Дар озмун журналистон аз расонаҳои иттилоотии ватанӣ – матбуот, телевизион, радио ва блогерҳо иштирок карда метавонанд. Ғолибони озмун дар номинатсияҳо бо дипломи озмун ва тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 20-уми апрели соли 2022 давом мекунад.
Онҳое ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд бояд дар саҳифаи фейсбукии телевизиони СМ-1 бо талаботҳо барои озмун шинос шуда, ҳамчунин аз он ҷо дархостро  боргирӣ(download) кунед. Дархостро пур карда, ба суроғаи электронии aws95@mail.ru ирсол намоед.
Маълумоти иловагӣ, талаботҳо ва дархостро аз саҳифаи фейсбукии телевизиони CM-1 гиред.

Озмун бо дастгирии Ташаббуси “Нури Рушноӣ” дар Точикистон амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.