Моҳи декабри соли 2021-ум бо имзои як қарор Ҳукумати ҶТ таваллуд ва хизматрасониҳо дар таваллудхонаро ройгон намуд. Дар ин бора Ҳабибулло Муҳиддинзода сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон иттилоъ дод. Аз санаи ба имзо расидани қарори мазкур наздик 3 моҳ сипарӣ мешавад. ва амалишавии онро мутахассисони Раёсати тандурустии вилояти Суғд зери назорати қатъӣ гирифтаанд.