ОГОҲИНОМА БА ВОЛИДОН: НОБОЛИҒОН БА СОҲИЛИ ДАРЁ ТАНҲО НАОЯНД!

Ҳарорати гарми ҳаво одамонро ба соҳили дарёи Сир ҷамъ овардааст. Як ҳафтаи охир соҳили дарё аз одамон зиёд аст. Онҳо на дар обутобгоҳҳо, балки дар мавзеъҳои хавфнок ба шиноварӣ меоянд, ки ин ҳолат эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои ғарқшавииро  зиёд мегардонад. Байни истироҳаткунандагони соҳили дарё ноболиғону наврасон низ кам нестанд. Бештари онҳо ҳатто шино карда наметавононд. Маҳз аз ҳамин сабаби шино карда натавонистан  дар шаҳри Хуҷанд дар мавсими оббозӣ то имрӯз ду нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.