Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба насби аломатҳои манъкунанда дар соҳили дарёи Сир шурӯъ намуд. Рӯзи 16 май дар 9 мавзеъи хатарнок аз шиноварӣ аломатҳое бо навиштаҷотӣ «Оббозӣ кардан манъ аст», «Ин ҷой минтақаи хавфнок аст» насб карда шуд. Масъулин мегӯянд, баъди нӯҳ рӯзи дигар мавсимӣ оббозӣ дар соҳили Сир расман оғоз мешавад. Аз ин рӯ аломатҳои огоҳкунанда дар мавзеъҳои хавфноки шиноварӣ, ки ба ҳаёти одамон хатарзо аст насб карда шуд.