Гуруҳи бонувони Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки дар бозори марказии Панҷшанбе ва дигар минтақаи шаҳри Хуҷанд корҳои тарғиботиро оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ба роҳ монанд. Зеро танҳо Раёсати тандурустӣ ва ё Маркази назорати давлатию санитарӣ ва эпидемиологӣ дар танҳоӣ наметавонад сари вақт аз ин бемории хавфнок пешгирӣ намояд. Аз ин ру на танҳо мақомоти давлатӣ, инчунин сокинон ва меҳмононро зарур аст, ки барои сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани он корбарӣ намоянд. Ниқобро ба руй карда, худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемории хавфнок эмин нигоҳ доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.