НАҶОТИ ЗАНИ 27 СОЛА ҲАНГОМИ ХУДКУШӢ. Ӯ КӢ АСТ?

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ карданд. Бино ба гузориши Қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, шахсе  хабар додааст, ки дар пули дарёи Сир, ки ду гӯшаи Хуҷандро ба ҳам васл мекунад, духтаре дар қасди худкушист. Бо дарёфти хабар имдодгарон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.  Наҷотдиҳандагон бо ин зан, ки баъдан маълум шуд 27 сол доштаву сокини ноҳияи Спитамен аст, гуфтугӯ карданд.  Дар ин бора дар сомонаи КҲФ навиштаанд, ки зани ҷавон сабаби даст ба ин кор заданашро нагуфтааст. Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои қасди худкуширо мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.