Интихоби дурусти касб барои хатмкунандагон муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз ҳамасола роҳбарияти донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагон мулоқот доир намуда, аз фаъолият ва имкониятҳои хеш онҳоро шинос месозанд. Дар толори “Қасри Ҷавонон”-и бо номи Лоиқ Шералӣ бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ин гуна мулоқот доир шуд.

