Радиои “Пайванд”-100.FM дар ҳамкорӣ бо Internews дар вилояти Суғд лоиҳаи таъсиси шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандиро оғоз менамояд. Барои дар озмун ширкат варзидан шумо бояд танҳо якчанд шартҳои кӯтоҳро иҷро намоед. Шумо бояд рӯзноманигори касбӣ набошед, аммо хоҳиши рӯзноманигор шудан ё дар ин самт кор карданро доред.
Нафароне, ки аз озмун мегузаранд, омӯзиши онлайнии бемузд дар бораи асосҳои журналистикаро мегузаранд ва аз минтақаи худ барои мо хабару гузоришҳо омода намуда мефиристанд. Музди маводи омоданамудаи шумо аз ҷониби радиои “Пайванд”-100.6FM пардохт карда мешавад ва тариқи эфири радио пахш карда мешавад. Яъне шумо имкони бемузд омӯхтан ва яквакт маблағ кор карданро доред. Барои иштирок дар озмун пурсишномаи кӯтоҳро пур намоед. Пурсишнома инҷост.
Агар ягон суол доред, метавонед тарқи телефон, WhatsApp, Telegram, бо рақамҳои +992 92-747-20-30, почтаи электронии salimjon.saidov.1993@gmail.com муроҷиат намоед.

Лоиҳаи “Рӯзноманигории шаҳрвандӣ” бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.