Дар шаҳри Хуҷанд пас аз 5 моҳ боз як мактаби типи нав ба фаъолият шуруъ мекунад, ки забони таҳсилаш русӣ буда, онро мутахассисони ду кишвар Федератсияи Руссия ва Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ  бунёд менамоянд. Ҳоло ба ин муассисаи муштарак ба қайдгирии хонандагон ҷараён дорад. Довталабони синфи аввал метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то санаи 1-уми май ба шӯъбаи маориф супоранд. Ба қайдгирии хонандагони синфҳои 2-8 бошад то санаи 1-уми июл ба роҳ монда мешавад.  Муассисаи давлатии таълимии муштараки Руссияву Тоҷикистон барои 1224 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода дода шудани ин муассисаи таълимӣ шумораи мактаб дар шаҳри Хуҷанд 51 ададро ташкил хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.