Дар Қасри Ҷавонони ба номи Лоқ Шералӣ маҳфили гиторнавозӣ амал намуда истодааст. Маҳфили мазкур се моҳ қабл ташкил гардида, хоҳишмандон новобаста аз синну сол метавонанд, ки нозукиҳои навохтани ин асбоби мусиқиро омӯзанд. Ҷалби ҳарчи бештари наврасон ба маҳфил барои рушди соҳаи фарҳанг ва бой намудани олами маънавию мусиқии наврасону ҷавонон замина мегузорад.