Се нафар деҳқонони ноҳияи Деваштич, ки дар бозори марказии Панҷшанбе тӯли чанд сол аст, ки фурӯшандагӣ мекунанд, иқдоми хайр пеша карданд. Деҳқонон дар моҳи шарифи рамазон картошкаро бо нархи 6 сомонӣ ба фурӯш бароварданд. Барои деҳқонон имокният дода шуд, ки сабзавотҳоро дар майдони регистони Панҷшанбе бе ягон хароҷот фурӯшанд.