Як сокини 44 солаи шаҳри Конибодом ҳангоми ивази асъори қалбакии рубли русӣ боздошт шуд. Вазорати корҳои дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, гумонбаршаванда дар пайи ба муомилот баровардани 15 ҳазор рубли қалбакии русӣ ба даст афтод. Икром Имомзода сокини ҷамоати деҳоти Эргаш Шарипови шаҳри Конибодом қаблан дар моҳи феврали соли ҷорӣ 10 ҳазор рубли қалбакии русиро ба 1430 сомонии асъори миллӣ иваз намудааст. Мақомоти милитсия мегӯяд, ӯ охирҳои моҳи апрел ҳангоми бори дуюм ба муомилот баровардани як адад пули панҷҳазораи қалбакии рубли русӣ боздошт шуд. Аз рӯи ин далел бо моддаи 281-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.