Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оила ройгон тақсим мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд қисми бештари оилаҳо аллакай соҳиби ин китоб гардиданд. Китоби мазкур бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дигарбора бо сифати баланд чоп шуд ва ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ тақдим карда мешавад.