Дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои гирду атрофи он шаби гузашта шамоли сахт вазида раъду барқ ба амал омад. Хушбахтона бар асари он хисороти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст. Обуҳавосанҷон суръати вазиши шамолро дар 1 сония ба 18-21 метр баробар карданд. Ин суръатро стансияҳои обуҳавосанҷӣ ба қайд гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дигарбора ба вуҷуд омадани ин ҳолат дар шаҳри Хуҷанд мавҷуд мебошад. Аз ин ру аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки зери дарахт нақлиёти худро нагузоранд ва беҳтараш ҳангоми вазириши шамол бесабаб ба кӯча набароянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.