ХУҶАНД: ПАРТОВҲОИ ИФЛОС ДАР ДАРОМАДГОҲ. ОДАМОН БЕПАРВОЯНД?

Як гурӯҳ сокинони бинои баландошёнаи рақми 36-и микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд ба телевизиони Симои мустақили  якум оиди ҳолати ғайрисанитарии назди бинои истиқоматиашон муроҷиат карданд. Ҳангоми пайгирии гурӯҳи кории мо маълум гашт, ки сокинони хамсоя биноҳо партовҳои худро ба қуттӣ неву  сари роҳ мепартоянд. Ин ҳолат боиси нигаронии гурӯҳе аз сокинони ин микроноҳия гардид. Бино ба гуфти бошандагони ин махалла, дар атрофи бино ба ҷузъ аз партовҳои маишӣ инчунин партовҳои сохтмониро ҳам мепартоянд. То куҷо ин муаммои сокинон муҳим аст ва барои ҳалли он чи бояд кард?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.