#ХАБАР #КОРОНАВИРУС #COVID-19
Дар шаҳри Хуҷанд 8 нафар гумонбарони бемории сироятии КОВИД-19 дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ ва зери назорати қатъӣ қарор доранд. Масъулини МНДСЭ яке аз сабабҳои аз нав бақайдгирии ин беморӣ байни сокинонро ба фасли сармо ва хурӯҷи бемориҳои зукоммонанд вобаста мекунанд. Зеро давоми чанд рӯзи охир муроҷиати сокинон аз бемориҳои шадиди роҳу нафас ва илтиҳоби шуш ба марказҳои саломатӣ низ зиёд шудааст. Аз ин сабаб ба сокинон тавися дода мешавад, ки ба реҷаи ниқобӣ риоя кунанд. Дар мавзеъҳои серодам масофаи иҷтмоиро нигоҳ дошта, истифодаи маҳлулҳои антисептикиро фаромӯш накунанд. Ҳамчунин гузаштан аз ваксинатсия низ барои сокинон боз ҳам таъкид карда мешавад. Зеро ваксина ягона роҳи наҷот аз бемории сироятии каронавирус аст.