Дар шаҳри Хуҷанд, аз пагоҳ яъне санаи 1-уми сентябр беш аз 50 автобус фаъолияти худро расман оғоз мекунад. Дар ин бора субҳи имрӯз масъулини Корхонаи Давлатии Камуналии “Нақлиёти мусофиркашони”-и шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқот бо ронандагон ва кондукторони автобусҳо иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки баъди пурра ба анҷом расидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ боқимонда автобусҳо низ ба фаъолият оғоз мекунад. Муфассал Фарзона Шамсиева ва Насим Раҳимов гузориш медиҳанд.