Наздик 15 рӯз инҷониб чароғаки раҳнамо дар минтақаи Гулистони шаҳри Хуҷанд аз фаъолият боз мондааст. Ин ҳолат боиси тамбашавии мошинҳо, вайронии асабҳои ронандагон, махсусан ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ шудааст. Зеро бидуни роҳ нишон додани чароғаки раҳнамо ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор буда, боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад.