Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хафтаи гузашта ва равон боришоти борон ба назар расид. Борони пайдархам осори худро ба оромгоҳҳо низ гузошт. Дар натиҷаи боришоти чанд рӯзи гузашта беш аз 40 адад қабрҳо дар як қабристон фурӯ рафтааст. Масъулони оромгоҳ мегӯянд, соҳибони аксарияти қабрҳои фурӯрафта аз ин вазъ хабар надоранд. Пас чӣ бояд кард? Гурӯҳи хабарнигорони шӯъбаи иттилоотӣ ҳоли қабрҳои осебдидаи оромгоҳи Найсувори шаҳри Хуҷандро диданд. Гузориши Фарзона Шамсиева ва Насим Раҳимов дар ин бора омода шудааст.