Субҳи имрӯз, санаи 21-уми феврал, масъулини Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз фаъолияти соли 2021-ум натиҷагӣ карда, ба хабарнигорон оид ба хисоротҳои муноқишаҳои сарҳадӣ маълумот пешниҳод намуданд. Холмаҳмад Холов муовини сардори ин раёсат оид ба хисороти муноқишаҳои сарҳади, ки санаҳои 28-29 апрел дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба амал омад, маълумот дод. Маблағи зарари расонидашудаи муноқишаи сарҳади 11 миллиону 959 ҳазору 563 сомониро ташкил медиҳад.