Дар вилояти Суғд 8 нафар сокинон ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шудаанд ва айни ҳол мавриди табобат қарор доранд. Дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд ба ҷуз аз 8 нафар сироятёфтагони COVID-19, ҳамчунин 37 нафар беморони илтиҳоби шадиди шуш табобат мегиранд. Дар ин бора, субҳи имрӯз санаи 23-юми июн пас аз гузаронидани чорабиниҳои расмии таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод.