Нишасти 178-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар “Маркази фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Маҳфил ба 80-солагии нависандаи маъруф шодравон Баҳром Фирӯз бахшида шуд. Дӯстону ҳамкорон, пайвандону шогирдон ва мухлисони адиб ҷамъ омада аз хотираҳои адиб ёд карданд.