Ноболиғи 13 сола аз ҷониби ронандаи 30 сола, ки нақлиёти тамғаи “Рено”-ро идора мекард, пахш шуд. Ин садамаи нақлиётӣ санаи 24-уми июли соли 2020 дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ронанда аз ҳисоби наандешидани чораҳои эҳтиётӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғро пахш менамояд, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.