ФАВТИ НОБОЛИҒОН ҲАНГОМИ ОББОЗӢ. ДАР СОҲИЛ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД.

Аз оғози мавсими оббози дар кӯлу обанборҳои вилояти Суғд аллакай 5 нафар сокинон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи гузашта бошад, наҷотдиҳандагони ситоди ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд 4 нафар сокинон, аз ҷумла ду ноболиғро ҳангоми ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот доданд. Ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон бештар дар мавзеъҳои барои оббозӣ манъшуда ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд дар ин мавзеъҳо навиштаҷоти “Оббози кардан манъ аст” насб карда шудааст, вале сокинон ба ин огоҳӣ аҳамият надода дар ин мавзеъҳо ба шиновари машғул шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.