18 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Суғд аз коронавирус фавтиданд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ҳангоми нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ин шумора давоми 3 моҳи охир ба қайд гирифта шуда, оилаи фавтидагон аз ҷониби кормандони Раёсати маориф аёдат гардида, кӯмакҳои яквақта тақсим шудааст.