Беназорат мондани кӯдакон ва ноболиғон боиси ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад. Давоми 6 моҳи охири соли 2020-ум дар ҳудуди вилояти Суғд 11 нафар ноболиғон бар асари 32 садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Аз рӯи маълумоти кормандони БДА дар вилоят 24 кӯдакони дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, қисми бештари онҳо маҷрӯҳ гардиданд.