Зарари танҳо як селфароии моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашт 746 ҳазору 523 сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар ин бора аз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода гуфтанд, ки бориши борони зиёд ва омадани сел дар чанд моҳи ахир ба хочагии халқи ин ноҳия зарари калони молӣ расонидааст. Ситод мегӯяд, дар пайи омадни сел 10 пули мошингузар ва роҳҳои асосиву боғоти сокинон қисман ва ба пуррагӣ вайрон шуданд. Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Суғд низ дар ҷаласаи Комиссияи ситоди ҳолатҳои фавқулода, ки бо ҳузури муовинони раисони шаҳру навоҳӣ ва сардорони ситоди ҳолатҳои фавқулода доир шуд аз дастгири наёфтани супориши мақомот нигаронӣ намуд. Қаблан мақомоти Суғд аз раисони шаҳру навоҳии шимолии Тоҷикистон хоста буд то рӯйхати мавзеъҳои хатарзо аз офати табииро мушаххас ва ба онҳо пешниҳод кунанд. Аммо Заробиддин Файзуллозода мегӯяд: «То ҳол ягон раисони шаҳру навоҳӣ ин супориши мақомотро иҷро накардаанд. Муовинои раисони шаҳру ноҳияҳо барои чи хунукназарӣ мекунед…»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.