36 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру нохияхои вилоят даст ба худкушӣ ва сӯиқасд бар он заданд. Ин рақам дар муқоиса бо соли гузаштаи 2018-ум 6 ҳолат зиёд мебошад. Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки ин рақамхо ҳануз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.