Дар вилояти Суғд чоргоник таваллуд шуд. Дар соли 2022-юм бори аввал тавлиди якбора 4 тифлро ба қайд гирифтаанд. Сокини 27-солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара 4 духтар таваллуд кард. Вазни навзодон беш аз 1 келограммиро ташкил медиҳад. Духтурон саломатии онҳоро хуб арзёбӣ мекунанд. Меҳрангези Абдуаҳад ва Насим Раҳимов аз ҳоли кудакони навзод ва модари ҷавон хабар медиҳанд.