Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ҳангоми гузаронидани нишасти матбуотӣ ба рӯноманигорон иттилоъ дод, ки 1938 нафар сокинони вилояти Сугд давоми се моҳи охир ба коронавирус сироят ёфтанд. Шумораи фавт бошад 16 ҳолатро ташкил додааст. 1891 нафар сироятёфтагон шифо ёфтанд. Ҳоло 31 нафар дар беморхонахои шаҳри Хучанд зери назорати духтурони сироятшинос қарор дошта, табобати онҳо идома дорад.