Академик Нӯъмон Неъматов агар зинда мебуд, 95 сола мешуд. Вай яке аз поягузори мактаби илмии бостоншиносии тоҷик мебошад. Мавсуф бо кашфи тамаддуни Истаравшани бостонӣ, ҳафриёти пойтахти он Бунҷикат, Ҳафриёти Хуҷанди бостонӣ ва муайян намудани макони шаҳри Искандария-Эсхата номи худро дар саҳифаҳои илми бостоншиносӣ абадӣ сабт намуд. Маҳз ба шарофати кашфиёт ва корномаи илмии Нӯъмон Неъматов таърихи беш аз 2500 –солаи Хуҷанд дақиқ ва собит гардида, соли 1986 он бо тантана ҷашн гирифта шуда буд.